shkolakz.ru 1 2 ... 67 68
ISSN 2074-1847



ДОНИШГОЊИ МИЛЛИИ ТОЉИКИСТОН

ТАДЖИКСКИЙ НАЦИОНАЛЬНЫЙ УНИВЕРСИТЕТ


ПАЁМИ ДОНИШГОЊИ МИЛЛИИ ТОЉИКИСТОН

(маљаллаи илмї)



ВЕСТНИК ТАДЖИКСКОГО НАЦИОНАЛЬНОГО УНИВЕРСИТЕТА


(научный журнал)

7(63)

БАХШИ «ФИЛОЛОГИЯ»

(ќисми I I )


СЕРИЯ «ФИЛОЛОГИЯ»


(часть
I I)


ДУШАНБЕ: «СИНО»



2010



ДОНИШГОЊИ МИЛЛИИ ТОЉИКИСТОН

ТАДЖИКСКИЙ НАЦИОНАЛЬНЫЙ УНИВЕРСИТЕТ


МАЉАЛЛАИ ИЛМЇ СОЛИ 1990 ТАЪСИС ЁФТААСТ.

НАУЧНЫЙ ЖУРНАЛ ОСНОВАН В 1990 ГОДУ.


Њайати тањририя:

Редакционная коллегия:

Саидов Н.С. – гл. редактор, доктор философских наук, профессор


Каримов М.Б. – зам. гл. редактора, доктор химических наук, профессор

Мирбобоев Р.М.- зам. гл.редактора, кандидат экономических наук,доцент


Исматов С.М. - зам.гл.редактора, кандидат филологических наук,доцент


Аъзои њайати тањририя:
Члены редколлегии:

Касымова М.Н. - доктор филологических наук, профессор

Кабиров Ш. - кандидат филологических наук, доцент

Низомов М. - кандидат филологических наук, доцент


Маљалла бо забони тољикї, русї ва англисї нашр мешавад.

Журнал печатается на таджикском, русском и английском языках.


© Донишгоњи миллии Тољикистон, 2010

Паёми Донишгоњи миллии Тољикистон

Вестник Таджикского национального университета


ЗАБОНШИНОСЇ

СОХТОРИ ЉУМЛА ДАР АШЪОРИ РЎДАКЇ



Ф.Х. Шарипова

Донишгоњи миллии Тољикистон


Поягузори назми форсї-тољикї, шоири зиндаёд Абўабдуллоњ Љаъфар ибни Муњаммад Рўдакї бо абёти беш аз њазори боќимонда андешаи љањоноёнро тасхир намудааст. Тањлилу тањќиќи осори одамушшуаро таи солњо дар замони мо идома дорад. Муњаќќиќон корњои зиёдеро дар бораи муњити зиндагї ва ањволу ашъори Рўдакї ба сомон расонида, њар яке кўшидааст, то парда аз асрори њунари шоирро бо диди худ бардоранд. Аз љумлаи муњаќќиќони зиёди муосири ватаниву хориљї Садриддин Айнї, Абдулѓанї Мирзоев, Аълохон Афсањзод, Абдушукури Абдусаттор, Ќутбиддин Мухторов, Саид Нафисї, И.С. Брагинский ва дигаронро номбар кардан мумкин аст, ки пањлуњои гуногуни њунари суханварии назми Абўабдулоњи Рўдакиро мавриди тањлилу баррасї ќарор додаанд. Осори Рўдакї бунёд ва назми классикии тољик аст ва нањви он барои шоирони минбаъда намуна шудааст.

Дар назми форсї-тољикї байт воњиди хурдтарини маъно ва сохтори нањвию њунарист ва аз лињози таркиб байт маъмулан љумлае мебошад. Байт, ки иборат аз ду мисраъ мебошад, метавонад бо хелњои гуногуни љумлањои сода ва мураккаб ба њам омада бошад. Маъмулан дар байт њар мисраъ иборат аз љумлаи сода аст, ки бо мисраъи баъдї љумлаи мураккабро ташкил медињад, яъне дар назм низ мизони нањвї нигоњ дошта мешавад. Аммо таоќуби аъзои љумла дар таркиби байт шаклњои басо мураккабро метавонанд ба худ бигирианд. Мо љустуљўи таоќуби аъзои љумлаи сода ва мураккабро дар ашъори Рўдакї аз баррасии мавридњои љумлаи сода шудани мисраъ оѓоз менамоем.

Ба андешаи муњаќќиќон шеъри форсї аз љињати ягонагии шаклу маъно дар замони Рўдакї ќолаби асосии худро ёфтааст. (7.9). Мизони сухани манзум назм аст, аммо нањв њамнишинии вожањоро барои сохтани љумла таъмин менамояд ва сухани манзум аз ин ќоида истисно нест. Ба андешаи муњаќќиќон, воњиди истиќлоли шеър байт аст ва ин истиќлол ба воситаи љумла, ки фикри тамомшударо мефањмонад, ба даст оварда мешавад (7.14). Байти шеъри адабиёти классикї маъмулан љумлаест ва вай метавонад љумлаи сода, мураккаб ва омехта бошад.


То чи андоза мустаќилияти байт дар ашъори Рўдакї нигоњ дошта шуда ва ё аз доираи он баромадааст, дар натиљаи сохтори нањвии мисраъ ва байтњо аён мегардад. Мо навъњои нањвии сохтори љумлањоро чунин тасниф намудем, ки аз худи матни абёт њосил мешавад:


  1. Як мисраъ љумла мебошад.

  2. Як байт љумла аст.

  3. Зиёда аз як байт љумла шудааст.

4.Мисраъ як ё якчанд љумла мебошад.

Дар таснифи ин навъ мо меъёрњои нањвиро, ки аз мавќеи субективї, гўянда, мантиќ ва оњанги гуфтор маълум мешаванд ба назар гирифтем. Масалан, мисраи дар таркиби байт омада, љумла аст. Байти зерин аз ду љумлаи содаи дутаркибаи тафсилї иборат аст:

Малико, љашни Мењргон омад!

Љашни шоњону хусравон омад(34)!1

Аён аст, ки байт љумлаи мураккаби хитобї мебошад ва аз ду љумлаи сода, дар њар мисра якљумлагї ба вуљуд омадааст.

Дар байти зерин њар як мисраъ љумлаи мустаќили саволї шудааст. Аммо такрори таркибњои «Чї чиз аст он» дар њарду мисраъ як навъ пайванди оњангу маъноро ба онњо додаст. Оњанги пурсиш ва мантиќи дохилї сабаби пайванди онњо шуда, истиќлоли маъної, гусастагии нањвиро мепўшонад:

Чи чиз аст он раванда тираке хурд?

Чї чиз аст он палолак теѓи буррон(67)?

Дар байти поён муколама сабаби ба вуљуд омадани якчанд љумла шудааст:

Омад бари ман, Кї? Ёр. Кай? Ваќти сањар.

Тарсанда зи кї? Зи хасм. Хасмаш кї? Падар. (94)

Аз ин љо маълум мешавад, ки хосияти умумии забон ба воситаи анвои љумла (саволї, хабарї, хитобї) на фаќат вазифаи сохтрии нањвї, балки вазифањои анвои љумлаи сода сохтанро њам дорад. Намунаи хеле љолиб љумлањои њамин байти шеъри устод Рўдакї мебошад. Дар мисраи аввали байти боло панљ љумлаи сода ва дар дуюм чор љумлаи содаи нопура омадааст.

Байти шеър на фаќат аз љумлаи мустаќил ё тобеи мисраъњо сохта мешавад, балки њар мисраъ худ љумлаи мураккаб буда, мустаќилияти маъної зоњир менамоянд. Алоќаи маъно дар мисраъњо ба мавзўъ ва оњанги онњо вобаста шудааст. Чида ва паињам шудани матлабњои инкории њар ду мисраъ пайванди такмили маъноияшро нигоњ доштааст. Ин хусусияти љумлањои шеъри Рўдакї дар байти зерин ошкор шудаанд:


Лаб тар макун ба об, ки талх аст дар ќадањ,

Даст аз кабоб дор, ки зањр аст тавъамон (70)1 [1]

Љумлаи мураккаб бо алоќаи мисраи якум ва дуюм ба шеъри устод Рўдакї бештар хос аст. Дар ин байт тавсифи калимањои об ва кабоб сабаби ба вуљуд омадани љумлаи пайрави муайянкунанда шудаанд.

Байти зерин аз љињати сохтори нањвї мураккабтар аст, вале бо њамон низом сохта шуда, аз ду љумлаи мураккаби пайвасти хилофї иборат мебошанд ва љумлањои содаи он се таркибаанд ва хабар надоранд:

Ба зулф каљ, валекин ба ќаду ќомат рост,

Ба тан дуруст, валекин ба чашмакон бемор (46).

2. Як байт аз якчанд љумла иборат аст. Омўхтан ва шинохтани дурустии сохти нањвии абёт, љумла барои дуруст фањмидани маънои онњо ва аз љониби дигар, дар мавќеи муносиб гузоштани аломатњои китобат зарур аст.

Дар шеъри араб истиќлоли њар як байт нигоњ дошта мешавад, аммо, ба андешаи муњаќќиќон дар, шеъри форсии асри Х ин меъёр њанўз пурра ба даст наомадааст (8). Сохтори нањвї ва маъноии байте, ки як љумлаи мураккаб аст, нисбат ба љумла будани мисраъ, бешубња, хеле мураккабтар аст. Дар таълимоти шеършиносии гузашта ба вањдати маъноии байт эътибори хос зоњир кардаанд ва онро рукни муњими ќонуни эљодї хондаанд. Аз ин рў, масъалаи мазкур мавриди эътибори донишманди гузашта ва имрўза ќарор ёфтааст.

Аз рўи тадќиќоти М. Н. Усмонов дар 9840 абёти ѓазалиёти Њофиз мустаќилият аз рўи ритму оњанг ва фикри тамомшуда њифз шудааст (5) Дар ашъори Рўдакї байтњое, ки чунин истиќлолиятро нигоњ доштаанд, камтаранд. Аз рўи сохтори нањвї ин гуна байтњоро, ки љумларо ташкил додаанд, ба чунин гурўњњо тасниф намудем: 1) Як байт аз як љумла иборат аст; 2) Як байт аз ду љумлаи мураккаби пайваст иборат аст; 3) Як байт аз як ё ду љумлаи мураккаби тобеъ иборат аст; 4) Як байт аз љумлаи мураккаби омехта иборат аст.

1) Як байт аз як љумла иборат аст. Дар байтњое, ки аз як љумла иборатанд, бештар мисраи аввалро мухотаб ташкил медињад. Мухотаб бо аъзоњои љумла алоќаи грамматикї надорад. Он бо мисраи дуввум дар мантиќї буда, барои сохтани байт ва ифодаи эњсоси шоир хидмат мекунад. Масалан, дар ин байт њамин ќоидаи мухотаб будани мисраи якум мушоњида мешавад.


Эй мояи хубию некномї,

Рўзам надињад бе ту рўшної (144) !

Дар байти зерин низ «гули бањорї, бути таторї» мухотаб шудааст, аммо мисраи дуввум аз ду љумлаи сода созмон ёфтааст:

Гули бањорї, бути таторї,

Набиз дорї, чаро наёрї (168) ?!

Дар байти зерин њарду мисраъ аз мухотаб иборат буда, аз як љумла таркиб ёфтаанд:

Аё хуршеди солори гетї,

Савори рамзсозу гурди настўњ (138).

Умуман, дар ашъори Рўдакї калима ва иборањое, ки руљўъ, эњсосот ва муносибати шоирро ифода мекунад, кам нестанд. Чунончи дар байти зерин ифодаи туфайлии «Эй дареѓ» оњанги афсўс ва дареѓро гирифтааст:

Эй дареѓи он њур, њамгоми сахо њотамфаш,

Эй дареѓи он гав, њамгоми вафо сомгироњ (34)!

Дар баъзе байтњо воситаи алоќаи пайвастро оњанги ќиёсї ва љои якхелаи аъзоњои љумла ва ифодаи шахсу шумора дар матн ифода намудааст:

Некии ў ба љойњои бадист,

Шодии ў ба љои ќимор аст (22).

Аз лињози нањвї воситаи дигар дар алоќаи пайваст пайвандакњои пайвасткунанда мебошад, ки аз онњо шоир нисбатан камтар истифода кардааст. Аз љумла, дар ин байт:

Борони мушкбуй биборид нав ба нав,

В-аз барг баркашид яке љумлаи ќасиб. (18)

Дар байти боло муносибати пайвастаи замонии љумлањои сода низ ба назар мерасад.

2)Байт бо шакли љумлаи мураккаби пайваст ба вучуд омадааст. Љумлањои мураккаби пайваст бо иштироки пайвандакњо ба љумлањои мураккаби пайвасти бепайвандак ва љумлањои мураккаби пайвасти пайвандакдор таќсим мешавад. Аз њар ду навъи алоќа шоир моњирона истифода бурдааст. Мисол, дар ин байт:

Зи мењраш мабодо тињї, эй дил,

Зи фармонаш холї мабод эч марљ (113)!

Дар байти зерин таносуби байни љумлањо ва аъзоњои он, тарзи ифодаи шаклњои хабарї мувофиќат дошта, муносибати њамзамониро дар амали мењраш ва фармонаш дидан мумкин аст.

Дар байти боло муносибати пайвастаи замонии љумлањои сода низ ба назар мерасад.


Дар байти зерин ду љумлаи содаи яктаркибаро пайвандаки пайвасткунандаи људоии ё ки муносибати алтернативї доранд, пайваст намудааст:

Чун гули сурх дар миёни пилгўш

Ё ту заррингўшвор аз хубгўш (160).

Дар байти зерин низ воситањои алоќањои номбаршуда барои ташкили љумла мусоидат намуда, такрори ифодаи њама ниюша алоќамандии байни ду љумларо мустањкам кардааст:

Њама ниюшаи хоља ба некўию ба сулњ аст,

Њама ниюшаи нодон ба љангу фитнаву ѓавѓост (111)

Дар матни зерин алоќаи байни љумлањои содаи мисраъњо бештар ба воситаи маъно, муносибат ва ритму оњанг сурат гирифтааст. Масалан, дар ин намунањо:

Тундар миёни дашт њаме бод бардамад,

Барќ аз миёни абр њаме баркашад ќазиб.

Булбул њаме бихонд дар шохсори бед,

Сар аз дарахти сарв сар ўро шуда муљиб(18)

Дар байти дигар муносибатњои сабабу натиља ду љумлаи содаи мустаќилро ба њам пайвастаанд:

Дар ишќ чу Рўдакї шудам сер аз љон,

Аз гиряи хунин мижаам шуд марљон (156)


Чу дурпош гардад ба маънї забонаш

Расад марњабо аз замину замонам (158).

Шарти муњими љумлањои мураккаби пайваст аз лињози нањв мавќеи љумлањои сода ва маънои мантиќии љумла мбошад. Чунончи, дар байти зерин љумлањоро вожаи бифнуд, ки ба вазифаи хабар омадааст ва муносибати њамзамонии он ба њам пайвастааст:

Бифнуд танам бар дирам обу замин,

Дил бар хираду илму ба дониш бифнуд (123).

Хабари бифнуд дар мисраи аввал, дар оѓози љумла, дар мисраи баъдї дар охири љумла омадааст ва дар форсии дарї, давраи нахустин (аз оѓоз то авали ќарни 7 њиљрї), сохтмони љумла аз назари тартиби аъзои он нисбат ба адвори баъд озодии бештаре дорад, ки ин хусусиятро дар осори Рўдакї мушоњида кардан мумкин аст(7,447).

3) Як байт аз як ё ду љумлаи мураккаби тобеъ иборат аст,ки дар маљмўъ жљмлаои мураккаби омехтаро ташкил медињанд.


Риояи шеваи табиии гуфтор ва таъсири сохтмони љумлаи забони арабї адибони он замонро водор намуд, љумлањои мураккаб ва пайван-дакњои тобеъ истифода баранд. Љумлањои байти шеъри Рўдакиро љумлањои мураккаби тобеъ ташкил медињанд. Бо вуљуди ин, чунин љумлањо нисбат ба љумлањои мураккаби омехта камтаранд.

Љумлаи пайрав бо пайвандаки тобеъкунандаи ки њам дар аввал ва њам дар байни сарљумла омадааст:

Кунљае, ки барф пеш њамедошт, гул гирифт,

Њар љўяке, ки хушк њамебуд, шуд ратиб (18).

Дар байти зерин дар њар мисраъ љумлаи пайрави пуркунанда омада, ду љумлаи мураккабро ташкил додаст:

Њар киро рафт, њамебояд рафта шуморї

Њар киро мурд, њамебояд мурда шумаро (25).

Дар љойи дигар љумлаи пайрави монандї ба воситаи пайвандаки чунонки ба сарљумла тобеъ шуда, байт аз як љумлаи мураккаби тобеъ иборат аст:

Мушаваш аст дилам аз карашмаи Салмо,

Чунонки хотири Маљнун зи турраи Лайло (77).


Кас нашиносад њале, ки кўшиши ў чун,

Халќ надонад њале, ки бахшиши ў чанд (32).

Њадафи мо муайян намудани то кадом андоза аз имкониятњои нањвї дар сохтмони байт истифода бурдани шоир аст. Ќисми зиёди сохти љумлањои байти шеъри Рўдакї љумлаи мураккаби омехтаро ташкил додаанд. Муаллиф њам аз алоќаи пайваст ва њам аз алоќаи тобеъ фаровон истифода бурдааст. Якум навъи чунин љумлањо алоќаи пайвасти бепайвандак байни ду љумлаи мураккаби тобеъ мебошад. Дар байти зерин алоќаи байни љумлањои мураккаб ба воситаи муносибати замонї ва љойи аъзоњои љумла ба вуќуъ пайвастааст:

Шуд он замон, ки рўяш ба сони дебо буд,

Шуд он замон, ки мўяш ба сони ќатрон буд (38)!

Дар љойи дигар ин алоќа ба воситаи пайвандаки пайвасткунандаи ва сурат гирифтааст:

Он абр бин, ки гиряд чун марди сўгвор

В-он раъд бин, ки нолад чун ошиќи каиб (18)

Байти зерин аз се љумла иборат буда, љумлаи аввал (мисраи аввал) бо сарљумла, мисраи дуввум дар алоќаи пайваст (паињамзамонї) буда, љумлаи пайрав ба воситаи пайвандаки ки ба сарљумла тобеъ шудааст, яъне байт аз се љумла иборат аст:


Рўдакї чанг бигрифту навохт,

Бода андоз, к-ў суруд андохт (20).

Дар ашъори Рўдакї љумлањои мураккаби омехта, ки љузъи пайравашон гуногун аст ба назар мерасанд. Чунончї, мисраи аввал бо љумлаи пайрави шарт ва мисраи дуввум бо љумлаи пайрави монандї омадааст:

Агарчї узр басе буд, рўзгор набуд,

Чунонки буд, ба ночор хештан бахшуд (36).

Шоир ба воситаи алоќаи пайваст тавонистааст дар як байт шаш љумларо ба њам пайвандад, яъне мисраи аввал љумлаи муракаби пайваст иборат аз се љумла ва мисраи дуюм низ иборат аз се љумла буда, (ду љумлаи мустаќил ва як љумлаи пайрав), алоќаи байни љумлањои мураккаб ба воситаи интонатсия, таносуби љумлањои сода ва тарзи ифодаи хабарии онњо ба роњ монда шудааст:

Май њасту, дирам њасту, бути лоларухон њаст,

Ѓам нест в-агар њаст, насиби дили аъдост (78).

Пайвандаки в-агар ба љумлаи дуввум тобиши шартї додаст. Ин байтро забоншинос М. Н. Ќосимова низ аз шаш љумла иборат донистааст (4,75).

3.Љумла аз ду ва ё зиёда байт иборат аст.

Истифодаи васеи љумлањои мураккаби омехта дар осори Рўдакї ба он оварда расонидааст, ки чунин љумлањо аз њудуди як байт берун баромадаанд:

Кас фиристод ба сир андар айёр маро,

Ки макун ёд ба шеър андар бисёр маро

В-ин фижањпир зи бањри ту маро хор гирифт,

Бирањонод аз ў эзади љаббор маро (15).

Мисраи аввал сарљумла буда, љумлаи мисраи дуввум дар алоќаи тобеъ (пайвандаки ки), љумлаи мисраи сеюм дар алоќаи пайваст (пайвандаки ва) ва мисраи чањорум дар алоќаи пайвасти бепайвандак мебошад. Шоир бо мањорати баланд дар як љумла се навъи алоќаи байни љумлањои содаро ба кор бурдааст.

Меъёри асосї дар љумла алоќаи нањвї, фикри томро ифода намудан ва мустаќилияти маъної аст. Мисол дар ин байт:

Њамебароям ба он, ки бармеояд халќ

Ва бармаёям бо рўзгори хўрдакгурез.

Чу фазли мир Абуфазл бар њама машкон,


Чу фазли гавњару ёќут бар набањра пашиз (53)

Њамебароям бо он - сарљумла буда, љумлаи дуюм љумлаи пайрави пуркунанда аст, љумлаи сеюм - мисраи дуюм дар алоќаи пайваст бо љумлаи аввал буда, мисраи сеюм ва чањорум љумлаи пайрави монандии чида буда, ба љумлаи мисраи дуюм тобеъ мебошанд. Ба андешаи мо, дар мисраи дуюм фикр ба анљом намепазирад, аз ин рў, ба љойи аломати нуќта вергул бояд гузошт.

Чунин ќолаб дар љойи дигар вомехўрад ва љумлањои мисраи сеюм ва чорум ифодаи муносибати паињамро равшан месозад:

Он к-ро донам, ки ўям душман аст,

В-аз равони пок бадхоњи ман аст.

Њам ба њар гањ дўстї љўям-ш ман,

Њам сухан б-оњистагї гўям-ш ман (152).

Матни дигар аз љумлаи пайрави омехта иборат аст:

Нигорино, шунидастам, ки гоњи мењнату роњат

Се пироњан салб будаст Юсуфро ба умр-андар:

Яке, аз ќайд шуд пурхун; дуввум, шуд чок аз тўњмат;

Саввум, Яъќубро аз бўй равшан гашт чашми тар (44).


1. Шунидастам Юсуфро ба умрандар-сарљумла

2. Ки гоњи мењнату роњат пироњан салб будааст – љумлаи пайрави замон

Се љумлаи боќимонда барои шарњи се пироњан омадаанд.

Ба андешаи забоншиноси рус А.А.Шахматов, нутќи навишторї он гоњ љумла мањсуб мешавад, ки ба нутќи зинда мувофиќат намояд ва дар њаќиќат инъикоскунандаи он бошад (193). Ба андешаи мо, мањз сабаби содабаёнї дар адабиёти асарњои IX-X, инчунин кўшиши пайравї дар байти шеъри араб Рўдакиро ба гузаштан аз баёни сода ба мураккаб водор намуд, аммо содагї ва пайравї аз шеваи табиии гуфтор дар осори ў боќї мондааст. Аз ин љост, ки мисраи шеъри Рўдакї метавонад як ё якчанд љумла дошта бошад, ки инро дар байтњо низ мушоњида намудем.

Мисраъ аз як то панљ љумла иборат аст; байт аз як љумлаи сода, аз ду љумлаи сода, аз як љумлаи мураккаби пайваст ё тобеъ бо љумлањои пайрави гуногун, љумла мураккаби омехта, (шаш љумлаи сода) иборат аст.

Њудуди љумлаи мураккаб метавонад аз як то ба чањор мисраъ расад ва аз 4-6 љумлаи сода иборат бошад.

Љумла асоси байт аст. Њудуди љумла ба маънои мантиќї фикрии шоир вобаста аст.

Аз сохти љумлаи абёти Рўдакї маълум мешавад,ки шоир аз тамоми имконияти дастурии забони порсии дарї фаровон истифода бурдааст.



следующая страница >>